Ба гузориши агентии хабарӣ АБНА ба нақл аз агентии хабарӣ Ал-Ҷазира, Вазорати умури хориҷаи Амрико имрӯз, шанбе, дар баёнияе эълом кард: Амрикоиҳои дар Ховари Миёна (Ғарби Осиё) буда бояд эҳтиёти бештар намуда, барои баста шудани фазои ҳавоӣ ва ихтилолоти эҳтимолӣ дар сафар омода бошанд.
Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар ин бора омадааст: Амрикоиҳои дар минтақа буда дар сурати шиддат ёфтани ташаннуҷ, бояд хуруҷ ё омодагӣ ба хуруҷ аз минтақаро мадди назар қарор диҳанд. Амрикоиҳои берун аз Ховари Миёна (Ғарби Осиё) бояд дар бораи сафар ба ин минтақа дубора тафаккур кунанд.
Баёнияи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар ин бора илова кард: Эрон ва гурӯҳҳои вобаста ба он метавонанд манфиатҳои Амрикоро дар саросари ҷаҳон ҳадаф қарор диҳанд!
Сафорати Амрико дар Бағдод низ пештар ба шаҳрвандони Амрико нисбат ба шиддат ёфтани ташаннуҷ дар минтақаи Ховари Миёна (Ғарби Осиё) ҳушдор дода буд.
Сафорати Амрико дар Ироқ ба шаҳрвандони Амрико ҳушдор дода буд, ки сахт эҳтиёт кунанд ва сатҳи ҳушёрии худро баланд бардоранд ва ба эҳтимоли бекор шудани парвозҳо, баста будани муваққатии фазои ҳавоӣ ва ноҳамвориҳо дар сафар омода бошанд.
Your Comment